Хоб аз чашми хирсҳои қутбии Русия рафт
https://parstoday.ir/tg/news/world-i49394-Хоб_аз_чашми_хирсҳои_қутбии_Русия_рафт
Гармои ғайритабии ҳавои фасли зимистон дар Русия, ки дар 71 соли ахир бесобиқа будааст, хобро аз хирсҳои қутбие, ки дар ин фасл бояд ба хоби зимистонӣ бираванд, рабудааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 24, 2019 14:48 Asia/Dushanbe
  • Хоб аз чашми хирсҳои қутбии Русия рафт

Гармои ғайритабии ҳавои фасли зимистон дар Русия, ки дар 71 соли ахир бесобиқа будааст, хобро аз хирсҳои қутбие, ки дар ин фасл бояд ба хоби зимистонӣ бираванд, рабудааст.

Ба гузориши ИРНА, аз ибтидои поиз то имрӯз мардуми Маскав бар хилофи солҳои гузашта ҳеҷ барфе дар ин шаҳр надидаанд ва хелеҳо нигаронанд, ки Соли Нави имсолро дар ҳоле ҷашн мегиранд, ки барф рӯйи замин нест.

Ҳавои Маскав, ки дар ин рӯзҳо ҳадди ақал бояд беш аз 13 дараҷа зер сифр ва ҳадди аксар манфии 30 дараҷа бошад, дар бештари сооти рӯз ба беш аз 6 дараҷа болои сифр мерасад, ки ҳеҷ шабоҳате ба зимистонҳои сахти Русия надорад.

Бар асоси иттилооти Созмони ҳавошиносии Маскав, дараҷаи ҳарорати ҳаво дар Маскав имрӯз то ҳашт дараҷа болои сифр афзоиш ёфт. Ин дараҷаи ҳарорат барои ин рӯзҳои Маскав ва бисёре аз манотиқи аврупоии Русия бесобиқа аст. Бо ин тағйироти обуҳавоӣ хирсҳои боғи ваҳши Маскав, ки маъмулан дар авохири моҳи ноябр ва авоили моҳи декабр ба хоби зимистонӣ мераванд, бо мушкил рӯ ба рӯ шудаанд ва масъулони боғи ваҳши Маскав муддаӣ ҳастанд, ки ба далели гарм шудани ҳаво ин ҳайвонот наметавонанд бихобанд. Гузоришҳо аз манотиқи дигари Русия низ ҳикоят аз гармои ғайриоддӣ дар кишвари сарди Русия дорад, ба тавре ки дар боғи ваҳши шаҳри Владимир, шарқи вилояти Маскав низ хирсҳои қутбӣ натавонистаанд ба хоби зимистонӣ раванд.

Созмони ҳавошиносӣ пешбинӣ кардааст, ки то поёни сол ҳавои Маскав сард нахоҳад шуд ва танҳо дар авоили соли ояндаи милодӣ мумкин аст, Русия ранги зимистонӣ бигирад.