Конгресси Амрико аҳкоми додгоҳи Хошуқҷиро беэътибор хонд
(last modified Tue, 24 Dec 2019 13:59:39 GMT )
Декабр 24, 2019 18:59 Asia/Dushanbe
  • Конгресси Амрико аҳкоми додгоҳи Хошуқҷиро беэътибор хонд

Аъзои демократ ва мустақили Конгресси Амрико аҳкоми додгоҳи парвандаи қатли Ҷамол Хошуқҷиро рад карданд.

Ба гузориши “Спутник”, додгоҳе дар Риёз рӯзи 23-юми декабр панҷ нафар аз 11 мазнуни беному нишони ин парвандаро ба эъдом, се нафари онҳоро дар маҷмӯъ ба 24 соли зиндон маҳкум ва бақияро табраа кард.

Намояндагони Конгресс бар ин нукта таъкид кардаанд, ки аҳкоми додгоҳи Саудӣ Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Арабистонро дар қиболи қатли Хошуқҷӣ масъул ва посухгӯ нашнохтааст ва ин аҳком эътиборе надорад. Ин дар ҳолест, ки ҷомеаи иттилоотии Амрико ба ин натиҷа расидааст, ки қатли Хошуқҷӣ дар сохтмони консулгарии Арабистон дар Истанбул наметавонист бидуни нақши мустақими Ибни Салмон анҷом шавад.

Хошуқҷӣ, ки силсилаи мақолоти интиқодӣ алайҳи Арабистони Саудӣ мунташир карда буд, дувуми октябри соли 2018 барои анҷоми умури марбут ба издивоҷаш бо Хадиҷа Чингиз вориди сохтмони консулгарии Арабистон дар Истанбул шуд ва ба қатл расид. Бисёре аз кишварҳо, ниҳодҳо ва шахсиятҳои байналмилалӣ аз ҳамон ибтидо шаффофият дар парванда ва муҳокимаи омилони қатли вайро хостор шуда буданд.