Декабр 27, 2019 18:58 Asia/Dushanbe
  • Русия: Амрико ба таври паёпай тавофуқоти низомии байналмилалиро нақз мекунад

Муовини вазири дифои Русия, Амрикоро ба далели нақзи тавофуқоти низомии байналмилалӣ ва хуруҷ аз Паймони нерӯҳои ҳастаии миёнбурд сарзаниш кард.

Ба гузориши рӯзномаи “Известия”, чопи Маскав, Александр Фомин ин иқдоми Амрикоро намунае аз сиёсати ғайрмасъулонаи амрикоиҳо, ки суботи роҳбурдӣ дар ҷаҳонро печидатар кардааст, тавсиф кард.

Вай ҳамчунин хотирнишон кард, яке аз муҳимтарин вазоифи байналмилалии нерӯҳои мусаллаҳи Русия, риояти тавофуқоти байналмилалии низомӣ аст, аммо нақзҳои суратгирифта аз тарафи Амрико монеъ аз ин амр мешавад.

Ин генерали рус бо ишора ба ин ки хуруҷи Амрико аз Паймони нерӯҳои ҳастаии миёнбурд (Ай Эн Эф) “«намунае аз сиёсати ғайримасъулонаи Амрико” аст, афзуд, тарафи русӣ барои ҳифзи ин тавофуқнома тамоми талошҳои мумкинро анҷом додааст.

Александр Фомин гуфт, мақомоти амрикоӣ муътақиданд, тавофуқномаи Паймони осмонҳои боз мансух шудааст. ... Агар ин тавофуқнома низ нобуд шавад, вазъияти контроли таслиҳот дар ҷаҳон печидатар аз қабл хоҳад шуд.

Хуруҷи Амрико аз Паймони нерӯҳои ҳастаии миёнбурд илова бар нигаронии Русия, ҳароси ҷомеаи ҷаҳонӣ аз бозгашт ба даврони ҷанги сардро ташдид кардааст.

Паймони ёдшуда, ки дар соли 1987 ба имзои сарони вақти Амрико ва Иттиҳоди ҷамоҳири шӯравӣ расид, нақши асосӣ дар контроли таслиҳоти ҳастаӣ дар ҷаҳон дошт.

 

 

 

Барчасп