Талоши Помпео барои тавҷеҳи иқдомоти ҷинояткоронаи CIA
(last modified Sat, 28 Dec 2019 12:12:40 GMT )
Декабр 28, 2019 17:12 Asia/Dushanbe
  • Талоши Помпео барои тавҷеҳи иқдомоти ҷинояткоронаи CIA

Амрико пас аз ҳодисаи 11 сентябри 2001 ба баҳонаи мубориза бо терроризм, ба Афғонистон ҳамла кард ва пас аз он Созмони иттилооти марказии Амрико (CIA) шумори зиёде аз ашхоси дастгиршуда дар он кишвар ва дигар нуқотро, ки муттаҳам ба анҷоми иқдомоти террористӣ буданд дар зиндонҳои махфӣ дар нуқоти мухталифи ҷаҳон таҳти анвоъи шиканҷаҳо қарор дорад.

Ин масъала дастмояи сохти филме синамоӣ шуда, ки намоиши он вокуниши манфии Майк Помпео вазири умури хориҷаи Амрико, ки қаблан раиси CIA-ро барангехтааст.

Филми синамоии Гузориш ба коргардонии Скат Бернер, ки ба тозагии икроншуда ривояте аз талоши Кумитаи иттилооти Маҷлиси Сенат барои таҳқиқ дар бораи истифода аз равишҳои шиканҷа тавассути маъмурони CIA пас аз ҳодисаи 11 сентябри соли 2011 ироа медиҳад.

Помпео шанбе ба интишори ин филми синамоӣ, ки дар бораи истифода аз шиканҷа дар бозҷӯӣ тавассути CIA аст вокуниш нишон дод. Вай дар пайёме твиттерӣ бо ишора ба ин филм талош кард бо ироаи таърифе аз одами бад ва одами худ ва бо ин истидлол, ки ашхоси шиканҷа шуда тавассути CIA террористҳо будаанд, шиканҷагарӣ дар ин созмонро, ки худ пештар раиси он буда тавҷеҳ кунад. Вазири умури хориҷаи Амрико навишт, филми Гузориш-ро дидам. Сареҳ бошам: одам бадҳо ҷангҷӯёни иттилоотии мо нестанд. Одам бадҳо террористҳо ҳастанд. Ба ҳамкорони собиқам ва ҳама ватандӯстон дар CIA, ки аз 11 сентябр моро эмин нигаҳ доштаанд мегуям, Амрико аз шумо ҳимоят мекунад, аз шумо дифоъ мекунад ва пушти шумо аст. Ман ҳам ҳаминтавр.

Амрико пас аз воқеаи 11 сетябри 2001 системе ба вуҷуд овард, то битавонад дар саросари ҷаҳон дар чорчуб тарҳи мубориза бо терроризм, ашхоси муттаҳам ба иқдомоти террористӣ ба вижа аъзои эҳтимолии Алқоидаро дастгир ва бозҷӯӣ кунад. CIA аз шиканҷа дар пушиши он чи равишҳои пешрафтаи бозҷӯӣ унвон мешуд истифода кард, ки баъдҳо мавриди интиқоди густарда ва ҳамчунин таҳқиқоти конгира қарор гирифт. Дар ин росто ашхоси мазнун ба терроризм рабуда шуда ва бидуни ҳукми додгоҳ дар маконҳои серии хориҷ аз Амрико зиндонӣ ва бо равишҳои бераҳмона мавриди шиканҷа ва бозҷӯӣ қарор мегирифтанд. Аз ҷумла мавориди муҳими шиканҷа, истифода аз шеваи ғарқи сунъӣ буд, ки барои эътироф гирифтан аз мазнунон дар давраи зимомдории Ҷорҷ Даблю Буш роиҷ шуд ва CIA ба тавриди густрада аз он истифода мекард.

Ифшои наҳваи рафтор ва низ шиканҷаи ин муттаҳамон аз сӯи CIA бо вокунишҳои интиқодомези зиёде дар сатҳи ҷаҳонӣ ру ба ру шуд, ба вижа ин ки Амрико ҳамвора иддао карда, ки пештоз ва мудофеи ҳуқуқи башар дар ҷаҳон аст. Маъмурони CIA иқдомоти хушунатомез, шиканҷаҳо ва бисёре аз мавориди нақзи ҳуқуқи башарро ба баҳонаи дифоъ аз амнияти миллии Амрико анҷом додаанд. Давлати Амрико низ дар тавҷеҳи истифода аз шиканҷа, ҷанг бо терроризмро мисдоқе аз ин масъала хонд. Ин дар  ҳолест, ки эъмоли шиканҷа ва дифоъ аз ин равиш, на танҳо бо риояти шаъни инсонӣ дар таоруз аст, балки мунҷар ба эҷоди хушунат ва густариши он дар сатҳи дохилӣ ва байналмилаллӣ шудааст. Помпео низ ки аз ибтидои соли 2017 ва аз замони ба қудрат расидани Доналд Трамп ба раёсати Созмони CIA мансуб шуд ва то аввалҳои соли 2018 дар ин симат буд дақиқан ҳамин истидлолро барои тавҷеи иқдомоти ғайриинсонии маъмурони CIA алайҳи муттаҳамон дар пеш гирифта ва онҳоро ҷангҷӯёни иттилоотӣ хондааст. Ҷина Ҳаспел, ки пас аз интисоби Помпео ба Вазорати умури хориҷа, ҷойгузини вай дар Созмони CIA шуд, худ муттаҳами аслии шиканҷагарӣ ва аз байн бурдани асноди марбут ба он аст. Ҳаспел дар соли 2002 масъулияти идораи яке аз шиканҷагоҳҳои ин созмон дар Тайландро ба уҳда дошта ва дар соли 2007 ифшо шуд, ки филмҳое аз шиканҷаи ду узви Алқоида дар зиндоне махфӣ дар Тайланд гирифта шуда, ки мудирони CIA он филмҳоро дар соли 2005 имҳо кардаанд. Ҳаспел яке аз авомили аслии имҳои филмҳои шиканҷа аст ва ҳамин мавзӯъ дар замони интисобаш ба ин симат ҷанҷол офарид. Ҳаспел дар соли 2005 дастури имҳои даҳҳо навори видеоӣ аз шиканҷагоҳи ҷанҷолии Тайландро содир кардааст. Ӯ дар ҷаласаи таиди салоҳияташ дар Сенат имҳои ин наврҳоро таид кард ва муддаӣ шуд, ки ҳадафаш пинҳон нигоҳ доштани ҳувияти бархе аз маъмурони CIA буда, ки чеҳраҳояшон дар он филҳмҳо намоён будаанд. Дар воқеъ раиси кунунии CIA худ аз омилони шиканҷа буда ва таъаҷубе надорад, ки Помпео низ дар паи тавҷеҳи ҷиноятҳои ҳамкорони собиқи худ дар CIA баромадааст.