Декабр 28, 2019 17:46 Asia/Dushanbe
  • Мувофиқати Толибон бо барқарории оташбаси муваққат дар Афғонистон

Манобеи хабарӣ аз тавофуқи сарони гурӯҳи Толибон ба манзури барқарории оташбаси муваққат дар Афғонистон хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, манобеи наздик ба гурӯҳи Толибон рӯзи шанбе эълом карданд, сарони ин гурӯҳ дар навтарин нишасти худ дар Покистон барои барқарории оташбаси муваққат дар Афғонистон тавофуқ карданд.

Бар асоси ин гузориш то чанд рӯзи дигар замони имзои тавофуқ миёни Амрико ва гурӯҳи Толибон мушаххас ва дар гуфтугӯҳои ду тараф бар сари оғози музокирот миёни афғонҳо низ баҳсу табодули назар хоҳад шуд.

То кунун мушаххас нашудааст, ки оташбаси кутоҳмуддати Толибон фақат бо низомиёни амрикоӣ аст ё шомили давлати Афғонистон ҳам хоҳад шуд.

То кунун аз ҷузъиёти оташбаси Толибон хабаре мунташир нашудааст.

Барчасп