Декабр 29, 2019 13:43 Asia/Dushanbe
  • Толибон хабари оташ баси муваққатро рад кард

Сухангӯи гуруҳи Толибон эълом кард машварат барои пазириши оташ бас идома дорад ва то кунун тасмиме дар ин хусус гирифта нашудааст.

Ба нақл аз ИРНО, Забиҳуллоҳ Муҷоҳид рӯзи якшанбе дар гуфтугӯе афзуд, замоне, ки тасмими ниҳоӣ дар хусуси оташ бас гирифта шуд ба расонаҳо эълом мешавад.

Ин дар ҳолест, ки шаби гузашта бархе аз манобеи дохилӣ ва шуморе аз коршиносони афғон аз тавофуқи оташ баси мувақат байни Толибон ва амрикоиҳо хабар дода буданд.

Давлати Афғонистон ва амрикоиҳо, пазириши оташ басро пешшарт оғози музокирот байни гуруҳҳои афғон унвон ва бар баста шудани пойгоҳҳои Толибон дар хориҷ аз марзҳои Афғонистон таъкид кардаанд.

Давлати Афғонистон бар ин бовар аст, ки Толибон мутаҳид нестанд ва шуморе аз фармондеҳони баландпояи ин гуруҳ аз раҳбарони сиёсии худ ҳарфшунавӣ надоранд ва ба ҳамин далел хостори барқарории оташ бас шудаанд.

Барчасп