Созмони Милал нақзи ҳуқуқи мусалмонон дар Мянмарро маҳкум кард
(last modified Sun, 29 Dec 2019 12:13:28 GMT )
Декабр 29, 2019 17:13 Asia/Dushanbe
  • Созмони Милал нақзи ҳуқуқи мусалмонон дар Мянмарро маҳкум кард

Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи шанбе бо тасвиби қатъномае, нақзи ҳуқуқи мусалмонони Роҳингя дар Мянмарро маҳкум кард.

Ба нақл аз ИРНА, дар ин қатънома аз давлати Мянмар хоста шудааст, то иқдомоти фаврӣ ва лозимро барои муқобила бо бадрафториҳо алайҳи мусалмонони Роҳингя ва соири ақаллиятҳо дар ин кишвар иттихоз кунад.

Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар ин қатънома бар таваққуфи фаврии боздоштҳои худсарона, шиканҷа, таҷовуз ва нафратпароканӣ алайҳи ақаллиятҳо дар Мянмар таъкид кардааст.

Ин қатънома бо 134 раъйи мусбат, 9 раъйи манфӣ ва 28 раъйи бетараф ба тасвиб расид.

Аз 25-уми августи соли 2017 то кунун, дар мавҷи ҷадиди ҳамалоти саркӯбгарона ва таҷовузкоронаи артиши Мянмар алайҳи мусалмонони Роҳингя дар устони Рахин, ғарби ин кишвар беш аз 6000 нафар куштаву 8000 нафари дигар захмӣ шудаанд. Беш аз як миллион нафар аз мусалмонони Роҳингя низ маҷбур ба фирор ба Бангладеш шудаанд.