Декабр 30, 2019 09:25 Asia/Dushanbe
  • Мавзеи барҷомии раиси Комиссияи Аврупо, сахттар шудани ҳифзи ин тавофуқ

Иттиҳоди Аврупо ба ҳамроҳи се кишвари Фаронса, Олмон ва Британия, мавсум ба тройкаи аврупоӣ аз ҳомиёни тавофуқи ҳастаии БарҶом ҳастанд.

Ҳарчанд пас аз хуруҷи Амрико аз БарҶом дар моҳи майи 2018 аврупоиҳо дар заминаи анҷоми тааҳҳудоти худ барои ҳифзи ин тавофуқ ноком мондаанд, бо ин ҳол Иттиҳоди Аврупо бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти БарҶом бар ҳифзи он пофишорӣ мекунад.

Бо вуҷуди пофишории ин ниҳоди аврупоӣ бар ҳифзи БарҶом, аммо воқеият ин аст, ки дар набуди ҳар гуна иқдоми муассир барои ҳифзи БарҶом аз сӯи аврупоиҳо, ҳифзи ин тавофуқ бо душвории рӯзафзуне мувоҷеҳ шудааст. Ин масъалае аст, ки аршадтарин мақоми иҷрои Иттиҳоди Аврупо низ ба он эътироф кардааст.

Урсула Фон Дер Ляйен, раиси ҷадиди комиссияи Аврупо рӯзи шанбеи 28 декабр таъкид кард, ки ҳифзи тавофуқи ҳастаии БарҶом рӯз ба рӯз сахттар мешавад. Фон дер Ляйен гуфт: Расидан ба муваффақият барои ҳифзи БарҶом рӯз ба рӯз сахт тар мешавад, барои наҷоти тавофуқе, ки дар хатари физоянда қарор дорад, лозим аст, ки Эрон низ бо ин тавофуқ ҳамроҳ бошад”.

Изҳороти раиси Комиссияи Аврупо дар бораи лузуми ҳамроҳии Эрон бо БарҶом дар ҳоле матраҳ мешавад, ки баъд аз хуруҷи якҷонибаи Амрико аз БарҶом дар майи соли 2018 ва бозгардонидани ғайриқонунии таҳримҳо алайҳи Теҳрон, Эрон мунтазири амал кардани аврупоиҳо ба ваъдаҳо ва тааҳҳудоташон монд.

Бо ин ҳол, аъзои аврупоии гурӯҳи 4+1, яъне Олмон, Фаронса, Британия ва Иттиҳоди Аврупо на танҳо ба ваъдаҳои худ амал накарданд, балки дар мавориде бо сиёсатҳои Амрико алайҳи Эрон низ ҳамроҳӣ карданд. Ҳарчанд Иттиҳоди Аврупо ва тройкаи Аврупои борҳо бар аҳамияти БарҶом дар ростои ҳифзи сулҳу амнияти минтақаӣ ва байналмилалӣ таъкид кардаанд, аммо зоҳиран онҳо фақат аз Эрон таваққуъ доранд, ки дар ростои ҳифзи ин тавофуқ талош кунад ва нақшу тааҳҳудоти худро фаромӯш кардаанд. Аврупоиҳо баъд аз хуруҷи ғайриқонунии Амрико аз БарҶом дар майи 2018 ваъда доданд, бо тазмини манофеи иқтисодии Эрон аз тариқи иттихози тадобири амалие монанди эҷоди созукори вижаи молии мавсум ба “Инстекс” ин тавофуқро ҳифз кунанд. Аммо онҳо бо вуҷуди мухолифати лафзӣ бо иқдоми зиддибарҷомии Вашингтон, то кунун дар амалӣ кардани муассири ваъдаҳои худ барои ҳифзи ин тавофуқ муваффақияте надоштаанд.

Аз ин рӯ, Эрон пас аз як сол аз хуруҷи Амрико аз БарҶом ва бо поён додан ба сиёсати сабри стратегӣ ва низ исботи нокоромадии роҳкорҳои пешниҳодии Аврупо барои ҷуброни табаоти иқтисодии хуруҷи Амрико аз БарҶом эълом кард, бахше аз тааҳҳудоти барҷомии худро бар асоси бандҳои 26 ва 36 –и ин тавофуқ таълиқ мекунад ва то кунун дар 4 гом аз тааҳҳудоти барҷомиаш костааст.

Дар айни ҳол Теҳрон ҳамвора таъкид кардааст, гомҳои чаҳоргона қобил бозгашт ҳастанд ва ба маҳзи анҷоми тааҳҳудоти тарафи аврупоӣ, Эрон низ ба матни тааҳҳудоташ дар чорчуби БарҶом боз хоҳад гашт.

Бо ин ҳол тарафҳои аврупоии БарҶом ба ҷойи ин ки дар садади ҷуброни қусури худ дар заминаи адами иҷрои тааҳҳудоти барҷомии худ бошанд, чанде қабл бо интишори баёнияе ба таҳдиди Эрон дар бораи иҷрои механизми “моша” пардохтанд. Бо ин ҳама, пас аз баргузории охирин нишасти Комиссияи муштараки БарҶом дар Вена дар рӯзи 6 декабр зоҳиран аз ин масъала мунсариф шудаанд.

Алиакбари Солеҳӣ, раисӣ Созмони энержии атомии Эрон дар 23 декабр бо баёни ин ки ҳаракати Аврупо ба самти механизми “моша” (бозгашти худкори таҳримҳо) хилофи хост ва нияти онҳост, гуфт, агар ин механизм фаъол шавад, чизе аз БарҶом боқӣ намемонад. Аврупоиҳо ба хубӣ аз ин масъала огоҳ ҳастанд, ки Теҳрон ҳеҷ гоҳ дар баробари рӯйкардҳои мубтанӣ бар таҳдид дар мавзӯи ҳастаии Эрон таслим нашуда ва дар ин замина низ таҳдиди қаблии тройкаи аврупоӣ дар бораи иҷро кардани механизми “моша” боиси тағйири мавозеи усулии Эрон нашудааст.

Аврупо агар воқеан дар ростои манофеи худ хоҳони ҳифзи БарҶом аст, бояд гомҳои муассир ва амалӣ барои иҷрои тааҳҳудоти барҷомии худ, ба вижа “Инстекс” (абзори ҳимоят аз мубодилоти тиҷорӣ - instrument in support of trade exchanges) бардорад.

Теҳрон хостори он аст, ки кишварҳои аврупоӣ фишорҳои иқтисодии ношӣ аз хуруҷи Амрико аз БарҶомро ҷуброн кунанд. Нуктаи муҳим ин ки Ҷозеф Борел, масъули ҷадиди сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо эътироф карда, ки Эрон бо вуҷуди коҳиши тааҳҳудоти барҷомии худ ҳанӯз дар чорчӯби маҳдудиятҳои муқаррар дар тавофуқи ҳастаии БарҶом қарор дорад.

Ин амр нишонгари ҳусни нияти комили Эрон дар заминаи ҳифзи БарҶом аст ва ба ҳамин далел агар аврупоиҳо воқеан қасди ҳифзи ин тавофуқи бисёр муҳимро доранд, беҳтар аст ба ҷойи муқассир ҷилва додани Эрон, худ ба тааҳҳудоташон, ба вижа иҷрои муассири “Инстекс” бипардозанд.