Декабр 30, 2019 12:39 Asia/Dushanbe
  • Музокироти Путин ва Трамп дар мавриди муқобила бо терроризм

Раиси ҷумҳури Русия ва ҳамтои амрикоии вай дар мавриди муқобила бо терроризм гуфтугӯ карданд.

Ба нақл аз шабакаи хабарии Алъарабия, Кремл дар баёнияе эълом кард Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия ва Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико рӯзи якшанбе дар гуфтугӯи телефонӣ зимни тавофуқ бар сари ҳамкории дуҷониба дар заминаи мубориза бо терроризм дар хусуси мавзӯоти мавриди ихтилофи Маскав ва Вашингтон ройзанӣ карданд.

Дар ин баёния омадааст Трамп дар ин гуфтугӯи телефонӣ ҷузъиёти иттилоотӣ дар хусуси ҳамлаи террористӣ дар Русияро бо Путин матраҳ кард, ки ин иттилоот ба хунсо созии иҷрои ҳамалоти террористӣ дар Русия кумак кардааст.

Равобити Русия бо Амрико таи солҳои ахир бар сари таҳримҳои густардаи Вашингтон алайҳи Маскав дар масоили иддаоӣ монанди мудохилаи Маскав дар буҳрони Украина ва ҳамчунин илҳоқи дубораи нимаҷазираи Қрим ба Русия пуртаниш шудааст.

 

Барчасп