Пешбинии нашрияи амрикоӣ аз эҳтимоли ҷанги ҷаҳонии севвум дар 5 минтақаи дунё
(last modified 2019-12-30T10:30:15+00:00 )
Декабр 30, 2019 15:30 Asia/Dushanbe
  • Пешбинии нашрияи амрикоӣ аз эҳтимоли ҷанги ҷаҳонии севвум дар 5 минтақаи дунё

Ба ҳамин манзур, нашрияи Нашнол Интерест дар гузорише панҷ минтақаи эҳтимолии дунё барои вуқуи ҷанги ҷаҳонии севвум дар соли нави милодиро баршумордааст.

Ба нақл аз ИРНО, ин нашрияи амрикоӣ навиштааст, сиёсати хориҷии Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико бо гузаштагони вай тафовути бисёр дорад ва эҳтимолан нуқтаи аслии мунозиа дар интихоботи раёсат ҷумҳурии 2020 Амрико хоҳад буд.

Дар ин марҳила мумкин аст чанд буҳрон на танҳо бар ин интихобот таъсиргузор бошад, балки даргирии густардатари ҷаҳониро рақам бизанад.

Ин нашрияи амрикоӣ, Туркия, Кишмир, нимаҷазираи Корея, дарёи ҷануби Чин ва минтақаи Ховари Миёнаро мустаиди бурузи ҷанги ҷаҳонии севвум донистааст.

Нашнол Интерест муддаӣ шудааст, ки афзоиши таниш байни Туркия ва Амрико дар соли 2019, густариши ҷанги қудрат байни Ҳинд ва Покистон ва воқеаҳои марбут ба Кишмир, муноқишоти Амрико ва Кореяи Шимолӣ, афзоиши бесуботӣ дар муносиботи Амрико ва Чин ва низ танишҳои идомадор миёни Эрон ва режими саҳюнистӣ ҳар як ба танҳоӣ метавонад оташафрӯзи ҷанги ҷаҳонии севвум бошад.

Ба навиштаи ин нашрияи амрикоӣ, чунончи Эрон барномаи ҳастаии худро дубора фаол кунад ё тасмим ба адаб кардани Арабистон бигирад режими саҳюнистӣ мумкин аст барои вуруд ба таҳоҷумоте густардатар ё ҳамлаҳое мустақим ба Эрон васваса шавад.

Ин руёруӣ пайёмадҳои густардатаре дорад арзаи нафти ҷаҳониро таҳдид мекунад ва Амрико ё Русияро ба мудохила таҳрик хоҳад кард.

Нашнол Интерест дар поёни ин гузориш навишт, бо ин ҳол эҳтимоли оташафрӯзии ҷаҳонӣ дар соли 2020 андак аст. Ҳама мунтазири натиҷаи интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико ва дарки беҳтаре аз масири сиёсати ин кишвар барои чаҳор соли оянда ҳастанд.

 

Барчасп