Таъкиди раисиҷумҳури Туркия бар тақвияти равобит бо Қазоқистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i49561-Таъкиди_раисиҷумҳури_Туркия_бар_тақвияти_равобит_бо_Қазоқистон
Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия дар гуфтугӯи телефонӣ бо Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, тақвияти равобити дуҷонибаро хостор шуд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Декабр 30, 2019 21:03 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раисиҷумҳури Туркия бар тақвияти равобит бо Қазоқистон

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия дар гуфтугӯи телефонӣ бо Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, тақвияти равобити дуҷонибаро хостор шуд.

Эрдуғон дар гуфтугӯи телефонӣ бо Назарбоев тақвияти равобити ду ҷонибаро хостор шуд.

Бар асоси баёния дафтари раёсатҷумҳурии Туркия, Эрдуғон дар ин гуфтугӯи телефонӣ тасреҳ кард, Туркия ба тақвияти равобити дуҷониба бо Қазоқистон дар солҳои оянда мутмаин аст.

Пеш аз ин, руасои ҷумҳурии Қазоқистон ва Туркия дар чорчӯби таъсиси "Шурои ҳамкориҳои роҳбурдӣ дар сатҳи олӣ" таъкид кардаанд, ҳаҷми мубодилоти тиҷорӣ миёни ду кишварро ба мизони 10 миллиард доллар дар сол афзоиш диҳанд.