Диоксиди карбон ҳуши инсонро коҳиш медиҳад
(last modified Wed, 01 Jan 2020 05:00:55 GMT )
Январ 01, 2020 10:00 Asia/Dushanbe
  • Диоксиди карбон ҳуши инсонро коҳиш медиҳад

Донишмандони амрикоӣ дар тозатарин мутолиоти худ дарёфтаанд, ки афзоиши гази диоксиди карбон дар атмосфера мумкин аст тавоноиҳои зеҳнии инсонро таҳти таъсир қарор диҳад.

Ба нақл аз хабаргузории Спутник, пажӯҳишгарони Донишгоҳии Колорадо, мадрасаи саломати умумии Колорадо ва Донишгоҳи Пенсилвания дар Амрико, шавоҳиде ёфтаанд, ки нишон медиҳад, тавоноиҳои зеҳнии инсон то соли 2100 байни 25 то 50 дарсад коҳиш хоҳад ёфт.

Ин пажӯҳишгарон таъсири афзоиши сатҳи диоксиди карбонро ба ёдгирӣ дар мадраса баррасӣ кардад ва дарёфтанд, ки тавоноиҳои зеҳнии донишҷӯён дар шароити афзоиши ин газ кошиҳ ёфтааст.

Бо ин ҳол, ин мушкил метавонад ба роҳатӣ бо боз кардани панҷараҳо ва омадани ҳавои тоза ба дохили утоқ бартараф шавад.