Идомаи оташсӯзӣ дар Австралия ва судури дастури тахлияи комили бархе шаҳрҳо
(last modified Thu, 02 Jan 2020 15:06:51 GMT )
Январ 02, 2020 20:06 Asia/Dushanbe
  • Идомаи оташсӯзӣ дар Австралия ва судури дастури тахлияи комили бархе шаҳрҳо

Масъулони австралиёӣ ба далели наздик шудани оташ ба савоҳили шарқӣ ва ҷануби шарқии ин кишвар ва муҳосираи манотиқи маскунӣ, дастури тахлияи чанд шаҳр ва минтақаро содир карданд. 

Ба гузориши хабаргузории Рейтерз, даҳҳо ҳазор гардишгар ва мусофире, ки барои гузарондани таътилоти тобистонӣ ба иёлатҳои Уэлси Ҷанубии Нав (New South Wales) ва Виктория (Victoria) дар шарқ ва ҷануби шарқи Австралия рафта буданд, акнун дар ҳоли тахлияи ин манотиқ ҳастанд.

Беш аз 50 ҳазор нафар дар ҳоли ҳозир дар ин ду иёлати Австралия бидуни энержии барқ ва дар бархе шаҳрҳои кӯчак ҳатто бидуни дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ҳастанд.

Бар асари идома оташсӯзии бесобиқа дар Австралия токунун  17 нафар дар саросари ин кишвар ҷон бохтанд ва ҳамин амр мӯҷиби барангехта шудани эътирозоти хиёбонӣ дар ин кишвар шудааст.

Мардум аз давлати Австралия хостанд, оташсӯзиҳоро маҳор ва хомӯш кунад.

Чанд рӯз пеш, шабакаи “ББС” гузориш кард, бо афзоиши дамои ҳаво ба 40 дараҷа дар тамоми иёлоти Австралия, оташсӯзӣ дар ин кишвар аз контрол хориҷ шудааст.

Оташсӯзиҳое, ки аз чандмоҳи пеш дар Австралия оғоз шуд, токунун наздик ба панҷмиллион гектар аз ҷангалҳо ва арозии ин кишварро сӯзондааст ва ҳамзамон дар манотиқи ҷанубии ин кишвар низ эъломи вазъияти изтирорӣ шудааст.