Маҳдудиятҳои шуғлӣ барои коргарони муҳоҷир дар Русия
Ҳукумати Русия маҳдудиятҳоеро барои фаъолияти коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар ин кишвар, аз ибтидои соли ҷории 2020 эъмол кардааст.
Ба нақл аз сомонаи Спутник, бар асоси эъломи ҳукумати Русия, фаъолияти коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар бархе аз машоғил дар ин кишвар, аз оғози соли 2020 мамнӯъ ва дар теъдоде аз ҳирфаҳо маҳдуд шудааст.
Акнун фаъолияти коргарони муҳоҷири хориҷӣ, аз ҷумла тоҷикҳо дар бахшҳои сохтмонсозӣ, кишоварзӣ, ҳамлу нақл ва тиҷорат коҳиш дода шудааст.
Дар ин мусаваба таъкид шудааст, акнун коргарони муҳоҷири хориҷӣ наметавонанд берун аз марказҳои тиҷорӣ, дорухонаҳо ва фурӯшгоҳҳои муваққат фаъолият кунанд. Теъдоди ин афрод дар фурӯшгоҳҳои занҷираӣ низ набояд аз 15 дарсад бештар бошад. Дар бахши варзиш низ саҳми ин афрод ба 25 дарсад коҳиш ёфтааст. Аммо дар бахши сохтмонсозӣ саҳми коргарони муҳоҷири хориҷӣ 80 дарсадро ташкил хоҳад дод.
Дар ин маврид вилоятҳои Маскав, Амур в Бурятия истисно шудаанд.