Бозтоби густурдаи расонаҳои Чин ба ҳамлаи талофиҷӯёнаи мушакии Эрон ба Амрико
Посухи мушакии Эорн ба террори сипаҳбуд Сулаймонӣ аз тарафи Амрико дар Ироқ, бозтоби густурдае дар расонаҳои Чин доштааст.
Ба гузориши ИРНА, расонаҳои мухталифи Чин, бавижа хабаргузории Шин Ҳуо, телевизиони CC TV ва CGTN, рӯзномаҳои пуртираж ва мӯътабари ин кишвар, зимни пӯшиши густурдаи посухи талофиҷӯёнаи мушакии Эрон зидди низомиёни амрикоӣ дар Ироқ, аз он ба унвони вокуниши Эрон ба террори сардор Қосими Сулаймонӣ ёд карданд.
CGTN телвизиони давлатӣ ва англисизабони Чин ҳам гузориш кард, Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон бомдоди чоршанбе ба як пойгоҳи ҳавоии Айнуласад дар ғарби Ироқ, ки маҳалли истиқрори низомиёни террористи амрикоӣ буд, ҳамла кардааст.
Хабари посухи мушакии Эрон ба пойгоҳҳои амрикоӣ дар Ироқ, дар аксари рӯзномаҳо ва торнамоҳои хабарии Чин низ дар сатҳи васее мунташир шудааст.