Январ 09, 2020 12:40 Asia/Dushanbe
  • Ошпазии бонувони мусалмон барои оташнишонони исроилӣ

Теъдоде аз занони мусалмони исроилӣ дар ҳаракате довталабона худашонро ба минтақаҳои оташзада расонда ва барои оташнишонҳо ғазо таҳия карданд.

Ба нақл аз Ҳавза, ҷамъе аз занони мусалмони исроилӣ дар ҳаракате довталабона ба оташнишонон пайваста ва барои нишондодани ҳимояти худашон барои 150 тан аз оташнишонҳо ва довталабоне,ки бо оташсузӣ меҷангиданд ошпазӣ карданд.

Ин танҳо коре набуд,ки онҳо анҷом доданд. Дар охири ҳафта занони товталаб дар  Ҷонсун Вил ғазо таҳия кунанд. Дар  арзи 48 соат ин занон тавонистанд 5 комюни васоили имдодрасониро таъмин карда ва 1500 доллар кумаки молӣ ҷамоварӣ кунанд. Барои оташнишононе,ки ба шакли хастагинопазир сайъ дар хомшукардани оташсузиҳо дар шарқи Гипесландро доранд ; субҳона таҳия кунанд.

Яке аз ин довталабон ба хабарнигорон гуфт ; бисёр лаҳзаи ҳасосе буд вақте чеҳраи хаста ва беҷони онҳоро медидем,ки аз хомуш кардани оташсузӣ бозмегаштанд. Онҳо ҳақиқатан хаста буданд.

Миллионҳо гектор аз ҷангалҳои Австралия дар асари оташсузиҳои густарда аз байн рафт ҳамчунин оташсузӣ даҳҳо кушта ба ҷо гузошта ва теъдоди бешумори дигар низ дар асари оташсузиҳои вайронгар дар моҳҳои ахир хасоротҳои фаровоне диданд.