Вокуниши Британия ба боздошти сафираш дар Теҳрон
Январ 12, 2020 13:08 Asia/Dushanbe
Вазири умури хориҷаи Британия ба боздошти сафири ин кишвар дар Теҳрон, ки дар таҷаммуе ғайриқонунӣ ҳузур ёфта буд, вокуниш нишон дод.
Ба нақл аз шабакаи хабарии СкайНиюз, Доминик Рааб вазири умури хориҷаи Британия дар вокуниш ба боздошти Роберт Макэра сафири ин кишвар дар як таҷаммуи ғайриқонунӣ, муддаӣ шуд, ки ин иқдом нақзи қавонини байналмиллалӣ аст.
Сафири Британия дар Теҳрон шанбешаб ба далели таҳрик ва созмондеҳии таҳаррукоти машкук муқобили Донишгоҳи Амиркабири Теҳрон соатҳое боздошт ва сипас озод шуд.
Ба гуфтаи ҳозирон, Сафири Британия дар Теҳрон дар ҳоли таҳияи акс ва филм ва гуфтугӯ бо муътаризон будааст.