Гушоиши Дафтари ёдбуди шаҳид Сулаймонӣ дар Сафорати Эрон дар Гаага
(last modified Sun, 12 Jan 2020 09:30:44 GMT )
Январ 12, 2020 14:30 Asia/Dushanbe
  • Гушоиши Дафтари ёдбуди шаҳид Сулаймонӣ дар Сафорати Эрон дар Гаага

Дафтари ёдбуди сардор сипаҳбуд шаҳид Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи нерӯи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар Гаагаи Нидерландия гушоиш ёфт.

Ба нақл аз Форс, шуморе аз сафирон ва депломатҳои хориҷии муқими Нидерландия ва ҳамчунин шахсиятҳои фарҳангӣ бо ҳузур дар маҳали Сафорати Эрон дар Гаага бо ибрози таслият ва ҳамдардӣ бо Эрон ин дафтари ёдбудро имзо карданд.

Ҳамчунин таи рӯзҳои гузашта садҳо тан аз дӯстдорони Эрон аз нуқтаҳои мухталифи Нидерландия бо муроҷеа ба Сафорати Эрон дар Гаага зимни маҳкум кардани иқдоми Амрико дар террори ноҷавонмардонаи  сардор сипаҳбуд шаҳид Қосими Сулаймонӣ ва Абумаҳдӣ Алмуҳандис ноибраиси  басиҷи мардуми (Ал-Ҳашад Аш-Шаъбӣ)-и Ироқ аз тариқи таҷаммуъ ва нишаст, мулоқот бо депломатҳои Эрон, додани гул, рушан кардани шамъ ва насби тасовири шаҳидон дар муқобили сафорат ва қироати фотиҳа, бо раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва миллати бузурги Эрон ибрози ҳамдардӣ карда ва бар истимрори роҳи пурифтихори ин шаҳидони воломақом таъкид карданд.

Сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи нерӯи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ севвуми январ ба даъвати расмии мақомоти Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд, ки ба ҳамроҳи Абумаҳдӣ Алмуҳандис ноибраиси  басиҷи мардуми (Ал-Ҳашад Аш-Шаъбӣ)-и Ироқ ва ҳашт нафари дигар дар ҳамлаи паҳподии нерӯҳои мутаҷовиз ва террористи амрикоӣ дар фурудгоҳи Бағдод ба шаҳодат расиданд

Бар асоси эъломи Вазорати ҷанги Амрико (Пентагон) дастури ин ҳамлаи ҳавоиро Доналд Трамп раиси ҷумҳури ин кишвар содир карда буд.

Бисёре аз кишварҳо, ин иқдоми террористии Амрикоро маҳкум кардаанд.

Сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ ва Абумаҳдӣ Алмуҳандис  аз чеҳраҳои барҷастаи мубориза бо гуруҳҳои такфирӣ ва террористӣ аз ҷумла ДИИШ дар минтақаи ғарби Осиё буданд.