Марги 14 нафар бар асари барфу сармо дар Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i49914
Бар асари барфу сармо дар Афғонистон дар шабонарӯзи гузашта 14 нафар, аз ҷумла теъдоде зану кӯдак дар ин кишвар ҷони худро аз даст доданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 12, 2020 18:53 Asia/Dushanbe
  • Марги 14 нафар бар асари барфу сармо дар Афғонистон

Бар асари барфу сармо дар Афғонистон дар шабонарӯзи гузашта 14 нафар, аз ҷумла теъдоде зану кӯдак дар ин кишвар ҷони худро аз даст доданд.

Сухангӯи устондории Ҳирот имрӯз эълом кард: Бар асари бориши сангини барф дар манотиқе аз Ҳирот, сақфи чанд хонаи маскунӣ фурӯ рехт, ки бар асари он ҳашт нафар, аз ҷумла шаш узви як хонавода ҷон бохтанд.

Ҷелонӣ Фарҳод афзуд: Роҳҳои иртиботии устони Ҳирот ҳам ба иллати бориши сангини барф баста шудаааст.

Рӯзи гузашта низ бар асари фурӯ рехтани сақфи як хона дар устони Қандаҳор шаш нафар, аз ҷумла се зан ва се кӯдак кушта ва ҳафт нафари дигар захмӣ шуданд.

Ҳафтаи гузашта низ бар асари сармои шадиди ҳаво дар ин устон 31 нафар ҷони худро аз даст доданд.