Январ 12, 2020 21:28 Asia/Dushanbe
  • Сафари вазири умури хориҷаи Покистон ба Машҳад

Вазири умури хориҷаи Покистон, имрӯз якшанбе дар оғози сафар ба Эрон, ибтидо вориди шаҳри Машҳад ва ба зиёрати ҳарами Имомо Ризо (а) рафт.

Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷаи Покистон дар сафар ба Эрон қарор аст бо ҳамтои эронии худ, Муҳаммадҷаводи Зариф дар Теҳрон гуфтугӯ кунад.

Қурайшӣ қарор аст фардо душанбе ба Риёз, пойтахти Арабистон ва пас аз он ба Амрико сафар кунад.

Вазири умури хориҷаи Эрон ва Покистон якшанбеи гузашта (5 январ) низ дар гуфтугӯи телефонӣ, ҷадидтарин таҳаввулоти минтақавӣ ва байналмилалиро мавриди назар қарор доданд.

 

 

Барчасп