Нопадид шудани ҳазорон ҷангафзор ва худрави низомии Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i49944-Нопадид_шудани_ҳазорон_ҷангафзор_ва_худрави_низомии_Афғонистон
Расонаи таҳқиқотии Пайки Афғонистон гузориш дод, беш аз 12 ҳазор ҷангафзори сабук ва 1100 худрави низомӣ дар камтар аз ду даҳсолаи гузашта дар вилояти Ҳилманд ҷануби Афғонистон нопадид шудааст.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Январ 13, 2020 14:31 Asia/Dushanbe
  • Нопадид шудани ҳазорон ҷангафзор ва худрави низомии Афғонистон

Расонаи таҳқиқотии Пайки Афғонистон гузориш дод, беш аз 12 ҳазор ҷангафзори сабук ва 1100 худрави низомӣ дар камтар аз ду даҳсолаи гузашта дар вилояти Ҳилманд ҷануби Афғонистон нопадид шудааст.

Ба нақл аз хабаргузории Тасним, фармондеҳии полиси Ҳилманд эътироф кард, ҳудуди 80 дарсади ин таҷҳизоти низомӣ дар солҳои гузашта ба дасти мухолифони мусаллаҳи давлат афтодааст, аммо аз сарнавишти 20 дарсад аз ин таҷҳизот иттилое дар даст нест.

Ба гузориши маркази таҳқиқотии Пайк, беш аз сад низомӣ аз ҷумла 12 фармондеҳ дар робита бо нопадид шудани ин таҷҳизот ба ниҳодҳои қазоӣ муаррифӣ шудаанд.