Шпигел: Террори генерал Сулаймонӣ нақзи ҳуқуқи байналмилал
https://parstoday.ir/tg/news/world-i50003-Шпигел_Террори_генерал_Сулаймонӣ_нақзи_ҳуқуқи_байналмилал
Ҳафтаномаи олмонии "Шпигел" бо чопи тасвири шаҳид Сулаймонӣ рӯи ҷилд, террори вайро мисдоқи нақзи ҳуқуқи байналмилал донист.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 15, 2020 14:09 Asia/Dushanbe
  • Шпигел: Террори генерал Сулаймонӣ нақзи ҳуқуқи байналмилал

Ҳафтаномаи олмонии "Шпигел" бо чопи тасвири шаҳид Сулаймонӣ рӯи ҷилд, террори вайро мисдоқи нақзи ҳуқуқи байналмилал донист.

Ин нашрия дар саҳифаи нахусти худ дар ҳоле, ки аксе аз шаҳид Қосими Сулаймониро мунташир карда, навиштааст: Низоъ миёни Эрон ва Амрико вориди марҳилаи ҷадиде шудааст ва ду тараф дар махфигоҳ бо ҳам мубориза мебаранд.

Ин гузориш, ки ба қалами понздаҳ нафар аз гузоришгарон ва таҳлилгарони "Шпигел" дар ҳаждаҳ саҳифа мунташир шудааст, мегӯяд: Трамп бидуни он, ки бо мушовирон ва коршиносон дар ҳавзаи Эрон машварат кунад, дастур ба анҷоми чунин коре дод ва ин иқдоми Трамп, дӯстон ва душманони Трампро ба таври яксон ғофилгир кард.

Ин гузориш меафзояд: Генерале дар кишвари дигар, ки бо Амрико ҷанг надорад (Ироқ) кушта мешавад ва ин аз манзари бисёре аз коршиносон, мисдоқи нақзи ҳуқуқи байналмилал аст.