Январ 15, 2020 17:00 Asia/Dushanbe
  • Ҷопон ба эътилофи Амрико дар ғарби Осиё намепайвандад

Вазири дифои Ҷопон бори дигар таъкид кард, ки Токио ба эътилофи Амрико дар минтақаи ғарби Осиё намепайвандад.

Ба гузориши хабаргузории “Рейтерз”, Таро Коно сешанбешаб гуфт, Токио маҳдудиятҳое дар қиболи ширкат дар ҳар гуна амалиёти низомии хориҷӣ дар минтақаи халиҷи Форс дорад ва ба ҳамин хотир дар эътилофи Амрико дар ин минтақа ширкат нахоҳад кард.

Вазири дифои Ҷопон дарҳамин ҳол таъкид кард, Токио ба талошҳои дипломатии худ барои коҳиши танишҳо байни Амрико ва Эрон идома хоҳад дод.

Бо вуҷуди таниш дар минтақаи халиҷи Форс ба далели мудохилаи кишварҳои хориҷӣ, Амрико чанде пеш мавзӯи мушорикат дар эътилофи зери назари худро ба баҳонаи ҳифзи амнияти киштиронӣ дар халиҷи Форс матраҳ кард, аммо бо вокуниши сард ва беэътиноии бештари кишварҳо мувоҷеҳ шуд.

Эрон борҳо таъкид кардааст, ки масъулияти амнияти халиҷи Форс бар ӯҳдаи кишварҳои минтақа аст ва ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар он ҳеҷ кумаке ба сулҳу суботи ин минтақа намекунад.

 

Барчасп