Январ 15, 2020 19:52 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Маҳатир Муҳаммад аз таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон

Нахуствазири Малайзия эълом кард, таҳрим роҳи ҳал нест, балки бисёре аз тарафҳоро дучори ноумедӣ мекунад, ба вижа кишварҳое, ки манофеи тиҷории қонунӣ бо Эрон доранд.

Маҳатир Муҳаммад, нахуствазири Малайзия рӯзи чаҳоршанбе бо радди таҳримҳои Амрико зидди Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, бояд мушкилотро бо равиши мусолиматомез ҳал кард, на эъмоли таҳрим.

Давлати Амрико дар иҷрои ваъдаи мунфаилонаи Доналд Трамп, раисҷумҳури ин кишвар дар вокуниш ба мушакборони интиқомии пойгоҳи низомиёни Амрико дар Ироқ, рӯзи ҷумъа таҳримҳои дигареро алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷорӣ кард.

Стивен Мнучин, вазири хазонадории Амрико гуфт, алайҳи саноеи Эрон, аз ҷумла санъати оҳан ва фӯлоди таҳримҳои ҷадиде эъмол кардааст.

Ин иқдоми Вашингтон дар пайи амалиёти Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар мушакборони пойгоҳи низомиёни амрикоӣ дар посух ба ҷинояти онон дар террори сардори сипаҳпуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи шаҳиди нерӯи Қудс ва ёронаш дар фурудгоҳи Бағдод сурат гирифт.