Январ 18, 2020 19:01 Asia/Dushanbe
  • Кобул: музокироти Амрико ва Толибон шикаст хурдааст

Сухангӯи раёсати ҷумҳурии Афғонистон аз номуваффақ будани музокироти Амрико ва гуруҳи Толибон дар Қатар хабар дод.

Ба нақл аз хабаргузории Тасним, Сиддиқ Сиддиқӣ рӯзи шанбе дар нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, дар музокироти намояндагони Амрико ва гуруҳи Толибон дар Қатар дар бораи коҳиши хушунатҳо ва ё оташ бас, ҳеҷ пешрафте сурат нагирифтааст.

Сухангӯи раёсати ҷумҳурии Афғонистон бо таъкид бар зарурати пазируфтани оташ бас тавассути гуруҳи Толибон афзуд, ин гуруҳ барои барқарории сулҳ дар Афғонистон бояд вориди гутфугӯҳои мустақим бо давлати ин кишвар шавад.

Сиддиқ Сиддиқӣ дар поён таъкид кард, ки хотима додан ба ҷангу барқарории сулҳ дар Афғонистон авлавияти давлат аст.

Музокирот байни намояндагони гуруҳи Толибон ва Амрико ёздаҳ давра дар Қатар баргузор шуда ва ин ду то кунун ҳозир ба мушорикати давлати Афғонистон дар ин музокирот нашудаанд.

Музокироти Толибон бо Амрико то кунун натиҷае барои мардуми Афғонистон надошта ва амрикоиҳо ба баҳонаи ҷанг ва терроризм ҳамчунон дар ин кишвар ҳузури низомӣ доранд.

Барчасп