Олмон: Амрико дар муноқишот бо Эрон шикаст хӯрдааст
Вазири умури хориҷаи Олмон бо интиқод аз сиёсатҳои зиддиэронии Кохи Сафед, сиёсати фишори ҳаддиаксарии Вашингтонро бенатиҷа донист.
Ҳайко Мас, вазири умури хориҷаи Олмон, дар мусоҳиба бо рӯзномаи олмонии "Билд", зимни интиқод аз сиёсати фишори ҳаддиаксарии Вашингтон зидди Теҳрон гуфт: Жестҳои таҳдидомез ва амалиёти низомӣ, тағйире да рафтори Ҷумҳурии исломии Эрон эҷод накардааст.
Вазири умури хориҷаи Олмон ҳамчунин аз сиёсати давлати Амрико алайҳи Эрон ба сароҳат интиқод кард ва дар бораи бӯҳрони фарогир дар минтақаи Ховари Миёна (ғарби Осиё) ҳушдор дод.
Ҳайко Мас дар ин гуфтугӯ бори дигар аз БАРҶОМ дифоъ кард ва бидуни ишора ба бадаҳдиҳои тройкаи аврупоӣ (Британия, Фаронса, Олмон) дар анҷоми тааҳҳудоти худ, хостори пойбандии Эрон ба тавофуқи ҳастаӣ шуд.
Амрико баъд аз ихроҷи ғайриқонунӣ аз БАРҶОМ (8 майи 2018), корзоре ҳамаҷониба барои аъмоли фишор алайҳи Эрон ба роҳ андохтааст.