Январ 21, 2020 17:34 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Русия аз дурӯғпардозии Амрико дар бораи барномаи ҳастаии Эрон

Вазорати умури хориҷии Русия аз таҳрифи воқеият ва дурӯғпардозии мақомоти Амрико дар бораи фаъолиятҳои ҳастаии сулҳомези Эрон интиқод кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Вазорати умури хориҷии Русия бо интишори баёнияе иддаоҳои Браян Ҳок, намояндаи вижаи Амрико дар умури Эрон мабнӣ бар меъёрҳои Созмони Милали Муттаҳид дар манъи ғанисозии ҳастаӣ дар Эронро хаёлпардозӣ ва таҳрифи воқеият тавсиф кард. Дар ин баёния омадааст, изҳороти ин намояндаи Амрико, дар воқеъ, Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳидро ба тасвиби қатъномае бар хилофи Муоҳидаи манъи густариши силоҳи ҳастаӣ муттаҳам мекунад.

Ҳок рӯзи ҷумъа дар мусоҳибае муддаӣ шуда буд, ки Эрон набояд ҳеҷ гуна ғанисозии уран дошта бошад, зеро меъёрҳои Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла қатъномаҳои ин созмон дар солҳои 2006 ва 2007 Эронро аз ин кор манъ мекунад.

Баёнияи Вазорати умури хориҷии Русия таъкид кардааст, Маскав талошҳои Вашингтон барои ҷилва додани рӯйкардҳои Амрикоро ба унвони меъёрҳои байналмилалӣ, бахусус таҳти номи Созмони Милали Муттаҳид рад мекунад, зеро ҳеҷ касе ба Амрико чунин ихтиёреро надодааст.

 

Барчасп