Оғози нахустин ҷаласаи додгоҳи бозхости Трамп дар маҷлиси Сенат
(last modified Wed, 22 Jan 2020 09:01:07 GMT )
Январ 22, 2020 14:01 Asia/Dushanbe
  • Оғози нахустин ҷаласаи додгоҳи бозхости Трамп дар маҷлиси Сенат

Нахустин ҷаласаи додгоҳи бозхости Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико соати 12:30 рӯзи сешанбе ба вақти маҳаллӣ ва 21:30 ба вақти Теҳрон дар Маҷлиси Сенати ин кишвар оғоз шуд.

Ба нақл аз ИРНА, Трамп, севвумин раисҷумҳури Амрикост, ки бозхост мешавад.

Панҷшанбеи гузашта мафоди иттиҳомоти парвандаи бозхости раисҷумҳури Амрико дар саҳни Сенат қироат шуд.

Маҷлиси намояндагони Амрико рӯзи чоршанбе тарҳи ирсоли лоиҳаҳои бозхости Трамп ба Маҷлиси Сенати Амрикоро бо 228 раъйи мувафиқ дар баробари 193 раъйи мухолиф тасвиб карда буд.

Раванди бозхости Трамп пас аз ифшои муколамаи телефонии ӯ бо раисҷумҳури Украина оғоз шуд.

Трамп авохири моҳи июл дар тамоси телефонӣ бо Владимир Зеленский, ҳамтои украинии худ аз вай хоста буд, иттилоотеро дар ихтиёраш қарор диҳад, ки метавонад ба ваҷҳаи Джо Байден, номзади демократи интихоботи 2020-и Амрико ва рақиби аслии ӯ садама ворид кунад.