Январ 22, 2020 20:04 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани панҷ полиси Афғонистон дар ҳамалоти Толибон

Кушта шудани панҷ полиси Афғонистон дар ҳамалоти Толибон

Файз Муҳаммад Ҳанифӣ, фармондори шаҳристони Чинорту гуфт, посгоҳҳои полиси ин минтақа аз вилояти Урузгон рӯзи чаҳоршанбе ду бор ҳадафи ҳамалоти Толибон қарор гирифтанд, ки илова бар кушта шудани панҷ полис, як нерӯи дигар низ захмӣ шуд.

Манотиқи зиёде аз вилояти Урузгони Афғонистон таҳти контроли Толибон қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол дар пайи таслим шудани 40 узви Толибон ба нерӯҳои артиши Афғонистон дар вилояти Ғӯр имрӯз - чаҳоршанбе низ 20 нафар аз аъзои ин гурӯҳ, аз ҷумла се саркардаи маҳаллии Толибон худро ба низомиёни афғон таслим карданд.