Лукашенко: Русия талош мекунад Беларусро ба қаламрави худ изофа кунад
https://parstoday.ir/tg/news/world-i50299-Лукашенко_Русия_талош_мекунад_Беларусро_ба_қаламрави_худ_изофа_кунад
Раиси ҷумҳури Беларус, Маскавро ба таҳти фишор гузоштани кишвараш барои изофа кардан ба Русия муттаҳам кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 25, 2020 18:50 Asia/Dushanbe
  • Лукашенко: Русия  талош мекунад Беларусро ба қаламрави худ изофа кунад

Раиси ҷумҳури Беларус, Маскавро ба таҳти фишор гузоштани кишвараш барои изофа кардан ба Русия муттаҳам кард.

Ба нақл аз Ассошиэйтед Пресс, Алексадер Лукашенко раиси ҷумҳури Беларус бо интиқод аз Маскав ба хотири таваққуфи таъмини нафт, ҳадаф аз ин иқдомро талош барои изофа кардани кишвараш ба Русия арзёбӣ кард ва гуфт, мо кишвари мустақили худамонро дорем ва наметавонем бахше аз кишвари дигаре ҳатто кишвари бародарамон Русия бошем.

Ин изҳороти Лукашенко ба дунболи таваққуфи музокироти Беларус бо Русия дар бораи баҳои нафт матраҳ шудааст.

Русия ва Беларус натавонистанд дар ин музокираҳо дар бораи баҳои нафт дар соли 2020 ба тавофуқ бирасанд.

Русия аз 31 декабри 2019, таъмини нафти Беларусро мутаваққиф карда ва ин дар ҳолест, ки беш аз 80 дарсади энержии Беларус аз Русия таъмин мешавад.

Беларус рӯзи ҷумъа эълом кард, ки дар хусуси таъмини энержӣ дар ҳоли музокира бо Амрико, Арабистон ва Иморот аст.