Январ 27, 2020 14:16 Asia/Dushanbe
  • Коронавирус раиси Созмони ҷаҳонии беҳдоштро ба Чин кашонд

Дар пайи нигаронии бисёре аз мардуми кишварҳо ба далели шуюи коронавирус дар Чин, ки ба тоуни қарн шуҳрат ёфтааст, раиси Созмони ҷаҳонии беҳдошт вориди Пекин шуд.

Ба нақл аз ИРНО, Тедрос Аданом раиси Созмони ҷаҳонии беҳдошт қарор аст дар ин сафар бо мақомҳои Чин дидор ва бо онҳо дар бораи роҳҳои костан аз суръати шуюи коронавирус машварат ва ройзанӣ кунад.

Ин сафар дар шароите анҷом мешавад, ки шумори мубталоён ба ин вирус ба 3 ҳазор нафар расидааст ва 80 нафар ҳам ҷонашонро аз даст додаанд, ки бештар, мубталоёон ба бемориҳои танаффусӣ ва пирсолон будааст.

Хабари дигар ин ки дар пайи шуюи коронавирус нахуствазири Чин ба Вуҳан конуни шуюи беморӣ сафар кардааст.

Бештари солкинони Вуҳан ба далели тарси ҷонашон дар ҳоли тарки ин шаҳр ҳастанд.

Ба ғайр аз Чин шуморе аз мубталоён ба ин беморӣ дар 12 кишвари дигари дунё аз Осиёи Шарқӣ гирифта то Аврупо, Амрико, Австралия ва Канада шиносоӣ шуда ва таҳти муроқибат қарор гирифтаанд.

 

Барчасп