Суқути ҳавопаймои мусофирбарии Афғонистон дар вилояти Ғазнӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i50363-Суқути_ҳавопаймои_мусофирбарии_Афғонистон_дар_вилояти_Ғазнӣ
Як ҳавопаймои мусофирбарии Афғонистон дар вилояти Ғазнӣ суқут кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 27, 2020 12:56 Asia/Dushanbe
  • Суқути ҳавопаймои мусофирбарии Афғонистон дар вилояти Ғазнӣ

Як ҳавопаймои мусофирбарии Афғонистон дар вилояти Ғазнӣ суқут кард.

Сухангӯи устондори Ғазнии Афғонистон гуфт, ҳавопаймои мусофирбарии ширкати “Ориёно Афғон”, ки аз Ҳирот озими Кобул буд соати 13:10 дақиқаи зӯҳри имрӯз (душанбе) ба вақти маҳаллӣ дар наздикии шаҳристони Деҳяки вилояти Ғазнӣ суқут кард.

Азизулло Азимӣ афзуд, токунун аз шумори қурбониён ва иллати суқути ин ҳавопаймо гузорише мунташир нашудааст.

Манобеи хабарӣ дар Афғонистон мегӯянд, ин ҳавопаймо 83 сарнишин доштааст.