Январ 27, 2020 20:02 Asia/Dushanbe
  • Муқовимсозии масҷиде дар шаҳрҳои Миннесота дар баробари сел

Масҷиде дар Миннесота барои муқобила бо сел муқовимсозӣ шуд.

Масҷиде дар Миннесота, ки ҳар сола ба хотири сел ниёз ба таъмирот ниёз дошт ба масҷиди муҳити зистӣ тағйир ёфт.

Масҷиди Ал-Нур дар шаҳрҳои дуқлӯи иёлати Миннесотаи  Амрико, бо кумаки молии аз як созмони мудирияти обхездории Миссисипи ва шаҳристон Ҳенпин, ба нахустин масҷиди «зист муҳитӣ» дар ин минтақа табдил шудааст.

Мукаррам Ал Амин, имоми ҷамоати масҷиди Ал -Нур гуфт, инҷо маконе муҳимм барои мо ва ҷомеа аст.

 Вай афзуд, ки шароит идеал нест ва дар сол ҳазорон доллар барои таъмири хисороти ношӣ аз сел ҳазина шудааст.

Марсел Бин, мудири тарҳ бо созмони мудирияти обхездори Миссисипи гуфт, мо селро аз сохтумон дур мекунем то барои обёрӣ истифода шавад.

Онҳо ибрози умедворӣ карданд, ки ба ин шакл ҳудуди 85дарсад хисороти селро мудирият кунанд.

Вай гуфт, ҳарчанд ин проект дар миқёси нисбатан кӯчак аст, аммо ба назари мо метавонад ба афроди зиёде кумакрасонӣ кунад.

Сент-Пол-Миннеаполис, як минтақаи шаҳрӣ аст, ки атрофи рӯдхонаҳои Мисисипӣ, Миннесота ваСен-Круа сохта шудааст, ин минтақа ба хотири ду шаҳри бузургаш, Миннеаполис,Сент-Пол ва Миннесота, ки ба тартиб пурҷамъияттарин шаҳр ва пойтахти Миннесота ҳастанд, маъмулан ба шаҳрҳои дуқулӯ(дугоник) машҳур аст.

 

Барчасп