Январ 28, 2020 18:07 Asia/Dushanbe
  • Назарсанҷӣ: Байден аз Трамп маҳбубтар аст

Натоиҷи назарсанҷии ҷадид дар Амрико нишон медиҳад, ки дар муқоиса бо раисҷумҳури феълии ин кишвар муовини раисҷумҳури собиқи Амрико ва номзади пештози Ҳизби демократ маҳбубияти бештаре назди раъйдиҳандагон дорад.

Ба гузориши ИРНА, назарсанҷии ҷадиди рӯзномаи “Вашингтон пост” ва шабака IBC-и Амрико, ки рӯзи сешанбе мунташир шуд, нишон медиҳад, 50 дарсад аз раъйдиҳандагони воҷиди шароит дар ин назарсанҷӣ Ҷо Байденро номзади маҳбуби интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2020 медонанд. Дар ин назарсанҷӣ Трамп, аз назари мизони маҳбубият, мавриди ҳимояти 46 дарсад аз раъйдиҳандагон буд. Дар ин назарсанҷӣ ҳамчунин ишора шудааст, ки Трамп поинтарини миёнгини мақбулияти шуғлӣ ба унвони раисҷумҳурро нисбат ба ҳар як аз раисҷумҳурҳои Амрико дар 75 соли гузашта доштааст.

Ин назарсанҷӣ дар миёни ҳазору чаҳор нафар аз раъйдиҳандагон дар Амрико аз тариқи телефон анҷом шудааст. Ҳамзамон ҷаласаи истизоҳи Трамп дар Сенати Амрико, ки аксарияти он дар ихтиёри ҷумҳурихоҳони мудофеи Трамп аст, дар ҳоли баргузорӣ аст.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико ноябри соли 2020 баргузор ва дар натиҷаи он чиҳилу шашумин раисҷумҳури ин кишвар роҳии Кохи Сафед мешавад.

 

Барчасп