Эътирофи дерҳангоми Пентагон ба ҳувияти сарнишинони ҳавопаймои сарнагуншуда дар Афғонистон
(last modified Thu, 30 Jan 2020 12:58:08 GMT )
Январ 30, 2020 17:58 Asia/Dushanbe
  • Эътирофи дерҳангоми Пентагон ба ҳувияти сарнишинони ҳавопаймои сарнагуншуда дар Афғонистон

Вазорати дифои Амрико(Пентагон) саранҷом бо гузашти ҳудуди 72 соат, ҳувияти ду низомии ба ҳалокат расида бар асари сарнагунии ҳавопаймо дар Афғонистонро эълом кард.

Ба гузориши расонаҳои Афғонистон, Пентагон имрӯз (панҷшанбе) дар баёниаяе эълом кард: Пол Воси 46 сола ва капитан Райан Панови 30 сола, ки пеш аз Афғонистон маҳалли хидмати онҳо дар иёлатҳои Вирҷиния ва Ню Ҳемпшир буд, бар асари сарнагунии ҳавопаймои низомии Амрико дар вилояти Ғазнии Афғонистон кушта шудаанд.

Нирӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон рӯзи чаҳоршанбе аз интиқоли ҷасади ду низомии худ ва ҷаъбаи сиёҳи ҳавопаймои сарнагуншуда хабар дода буданд.

Ҳавопаймои мухобиротии артиши террористи Амрико рӯзи душанбе дар шаҳристони Деҳяки устони Ғазнии Афғонистон сарнагун шуд ва гурӯҳи Толибон масъулияти ҳамлаи мушакӣ ба онро бар ӯҳда гирифт.

Пинҳонкории мақомоти Пентагон дар бораи сарнагунии ин ҳавопаймо ва талафоти он, мавҷе аз интиқодотро дар Амрико ва Афғонистон дар пай доштааст.