Январ 31, 2020 20:01 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши нигаронӣ аз эҳтимоли тавофуқи сиёсӣ барои ташкили давлати ояндаи Афғонистон

Бунёди интихоботи шаффофи Афғонистон (ТИФО) аз гом бардоштани тарафҳои пештоз дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба сӯи ташкили давлати тавофуқӣ дар ояндаи наздик ибрози нигаронӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, сухангӯи бунёди ТИФО имрӯз, ҷумъа эълом кард, ин бунёд нигарони он аст, ки бори дигар сарнавишти Афғонистон бар асоси орои мардум шакл нагирад ва як тавофуқи сиёсӣ сарнавиштро мушаххас кунад.

Аҳмад Забир Ҳабибзода афзуд, комиссияи шикоёти интихоботии Афғонистон зери фишорҳои сиёсӣ қарор дорад.

Юсуф Рашид, раиси иҷроии бунёди интихоботи озод ва одилонаи Афғонистон (ФИФО) низ гуфт, ду тими пештози интихоботи раёсатҷумҳурӣ ба комиссияҳои интихоботӣ дар бораи тағйири натиҷаи дилхоҳ фишор ворид мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки комиссияи шикоёти интихоботии Афғонистон изҳороти ниҳоди интихоботӣ дар хусуси ҳар гуна фишор ба ин комиссияро рад кардааст.

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон 28 сентябр баргузор шуд, аммо натиҷаи он то кунун эълом нашудааст.

Бо ин вуҷуд бархе аз коршиносон мегӯянд, ин интихобот ба даври дувум низ кашида хоҳад шуд.

 

Барчасп