Интиқоди мақоми рус аз таҳримҳои зиддиэронии Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/world-i50455-Интиқоди_мақоми_рус_аз_таҳримҳои_зиддиэронии_Амрико
Намояндаи Русия дар созмонҳои байналмилалӣ дар вокуниш ба иддаои Швейтсария ва Амрико дар бораи иҷро шудани канали мубодилоти инсондӯстона бо Эрон, аз таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон ба шиддат интиқод кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 31, 2020 17:31 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди мақоми рус аз таҳримҳои зиддиэронии Амрико

Намояндаи Русия дар созмонҳои байналмилалӣ дар вокуниш ба иддаои Швейтсария ва Амрико дар бораи иҷро шудани канали мубодилоти инсондӯстона бо Эрон, аз таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон ба шиддат интиқод кард.

Ба гузориши рӯзи ҷумъаи хабаргузории “Форс”, Михаил Улянов дар вокуниш ба баёнияи сафорати Швейтсария дар Эрон дар паёми твиттерӣ навишт: “Албатта ин як хабари хуб аст, аммо фақат ба ин мавзуъ фикр кунед, ки мо таъмини маводи доруӣ ва ғизоӣ ба афроди ниёзманд дар Эронро ҷашн мегирем ва таҳаққуқи ин кор ба як созукори вижаи молӣ ниёз дошт. Ҳатто дар қуруни вусто ҳам ин маҳсулот ба сурати оддӣ таъмин мешуданд”.

Амрико ва Швейтсария рӯзи панҷшанбе муддаии иҷро шудани созукори молии ҷадиде барои ирсоли маҳсулоти инсондӯстона ба Эрон шуданд.

Дар баёнияи сафорати Швейтсария дар Теҳрон омадааст: Фароҳамсозии тиҷории инсондӯстонаи Швейтсария (созукори молӣ) бо ҳадафи мумкин сохтани таҳвили колоҳои инсондӯстона ба Эрон, дар остонаи иҷро шудан аст.

Ин мақоми рус пештар ҳам борҳо дар радди мавозеи зиддиэронии давлати Доналд Трамп ва таҳримҳо гуфта буд, ошкор аст, ки таҳримҳои Амрико таъсири манфӣ бар иҷрои БарҶом дорад.

Амрико баъд аз хуруҷи ғайриқонунӣ аз БарҶом (8 майи соли 2018) корзори ҳамаҷониба барои эъмоли фишор алайҳи Эрон ба роҳ андохтааст.

Иқдоме, ки бо маҳкумияти густурдаи дохилӣ ва байналмилалӣ мувоҷеҳ шудааст.