Феврал 02, 2020 11:54 Asia/Dushanbe
  • Садҳо нафар дар Тел-Авив зидди Муомилаи қарн тазоҳурот карданд

Манобеи хабарӣ шанбешаб гузориш доданд, садҳо нафар дар маркази Тел-Авив зидди тарҳи сулҳи Доналд Трамп мавсум ба Муомилаи қарн тазоҳурот карданд.

Ба нақл аз ИРНО, ин тазоҳуроти эътирозӣ дар хиёбонҳои маркази шаҳри Тел-Авив бо ҳузури мардум, шуморе аз намояндагони ҳизбҳо ва созмонҳои ҳуқуқи башарӣ баргузор шуд.

Муътаризон бо ҳамли дастнавиштаҳое, ки рӯи онҳо ба забони ибрӣ ва арабӣ навишта шуда буд, роҳи дигаре ҳам аст, мо тарҳи Амрикоро намепазирем ва орӣ ба сулҳ ва на ба илҳоқи каронаи бохтарӣ (соҳили ғарбии рӯди Урдун) алаҳи тарҳи сулҳи Трамп тазоҳурот карданд.

Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико рӯзи сешанбе ҳамроҳ бо Бенямин Нетаняҳу нахуствазири режими саҳюнистӣ дар Кохи Сафед аз тарҳи амрикоии Муомилаи қарн рӯнамоӣ кард.

Муомилаи қарн тарҳи нави давлати Амрико барои аз байн бурдани ҳуқуқи мардуми Фаластин аст.

Ин тарҳ Қудсро ба режими саҳюнистӣ тақдим ва нерӯҳои Муқовиматро аз мубориза ва оворагони фаластиниро аз ҳақи бозгашт ба кишварашон манъ мекунад.

Вогузории 30 дарсад аз соҳили ғарбии рӯди Урдун ба Исроил аз дигар моддаҳои ин тарҳи нангин аст.

Бар асоси ин тарҳ Фаластин танҳо моликияти заминҳои боқимондаи соҳили ғарбии рӯди Урдун ва борикаи Ғаззаро хоҳад дошт.

Ҳамаи гуруҳҳои фаластинӣ ва низ гуруҳҳо ва шахсиятҳои мусулмонон дар саросари ҷаҳон мухолифати сареҳи худро бо ин тарҳ эълом кардаанд.

 

Барчасп