Феврал 02, 2020 13:51 Asia/Dushanbe

Рӯзи ҳиҷоб ҳарсол аввали феврал бо ҳадафи шинохт ва огоҳии бештари занони боҳиҷоби исломӣ дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон баргузор мешавад.

Дар Украина низ занони мусулмон бо ҳузур дар масҷидҳо ва ҳамчунин эҳдои гул ба занони ғайримусулмон ин рӯзро ҷашн мегиранд.

Рӯзи ҷаҳонии ҳиҷоб ҳар сол якуми феврал дар 116 кишвари ҷаҳон баргузор мешавад.

Ин рӯз ба ибтикори Назмахон як зани мусулмони амрикоӣ ва дар пайи вокунишҳои исломҳаросона пас аз рӯйдоди 11 сентябр пешниҳод шуд.

Дар Рӯзи ҷаҳонии ҳиҷоб занони ғайримусулмон аз динҳои мухталиф як рӯзро боҳиҷоб гузаронда ва таҷрибаи худ аз ҳиҷобро баён мекунанд.

Барчасп