Феврал 02, 2020 18:40 Asia/Dushanbe
  • Изҳороти мудохилаҷӯёнаи вазири умури хориҷаи Амрико дар бораи Чин

Вазири умури хориҷаи Амрико дар изҳороте мудохилаҷӯёна, хостори фишори ҷаҳонӣ бар Пекин ба далели он чи вай бадрафтории Чин бо мусалмонони уйғур хонд, шуд.

Майк Пампео, ки ба Қазоқистон сафар кардааст, бидуни ишора ба рафторҳои табъизомез ва нажодпарастонаи давлати Амрико бо ақаллиятҳои мухталиф, аз ҷумла сиёҳпӯстони амрикоӣ гуфт, ки Вашингтон аз ҳама кишварҳо мехоҳад бо ҳадафи таҳти фишор қарор додани Чин барои ҳуқуқи уйғурҳо, ба Амрико бипайванданд.

Дар солҳои ахир ва дар баробари афзоиши таниш байни Амрико ва Чин бар сари мавзӯъҳои мухталиф, аз ҷумла ихтилофоти тиҷорӣ, мақомоти амрикоӣ борҳо мавзӯъҳое ҳамчун рафтори давлати Чин бо уйғурҳоро баҳонае барои фишор бар ин кишвар қарор додаанд.

 

Барчасп