Феврал 03, 2020 15:00 Asia/Dushanbe
  • Русия дар ду минтақаи ҳаммарз бо Чин ҳолати фавқулода эълом кард

Давлати Русия дар ростои ташдиди муқобила бо коронавирус, дар ду минтақаи ҳаммарз бо Чин ҳолати фавқулода эълом кард.

Ба нақл аз ИРНО, устондории Приморие дар ховари дури Русия рӯзи душанбе дар гузорише зимни эъломи вазъияти фавқулода дар ду минтақаи Приморие, ки бо Чин ҳаммарз аст, аз эҷоди марказҳои қарантин дар минтақаи Артемов ва Октябр хабар дод, то хориҷиёни дорои ҳуҷҷати иқомати муваққат дар Русия, ки аз Чин вориди ин кишвар мешаванд дар ин марказҳо таҳти баррасӣ ва назорат қарор гиранд.

Дар минтақаи Хасан дар марзи Русия бо Кореяи Шимолӣ низ тадбирҳои шадиде барои пешгирӣ аз бемории коронавирус дар назар гирифта шудааст.

Бар асоси омори нави Вазорати беҳдошти Чин, то кунун 14 ҳазору 380 нафар дар ин кишвар ба ин вируси нав мубтало шудаанд ва дар маҷмӯъ 304 нафар ҷон бохтаанд.

Коронавирус, ки шуюи он аз охирҳои декабри соли гузашта дар Чин шуруъ шуд, илова бар 30 вилоят ва минтақаи Чин, ба шуморе дигар аз кишварҳо аз ҷумла Амрико, Австралия, Тайланд, Малайзия, Кореяи Ҷанубӣ, Жопон, Канада, Шветсия, Спания, Фаронса ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ низ сироят кардааст.

Коршиносон таҳдиди воқеии коронавирусро дар қобилияти шуюъ ва интишори густардаи он медонанд.

Барчасп