Феврал 04, 2020 17:58 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Чин ба ихтилофафкании Амрико дар робитаи Пекин бо Осиёи Марказӣ

Сафорати Чин дар Узбакистон изҳороти ахири вазири умури хориҷии Амрико дар Узбакистонро иттиҳомпароканӣ хонд.

Ба гузориши хабаргузории ИСНА, сафорати Чин дар Тошканд рӯзи сешанбе бо судури баёнияе зимни маҳкум кардани изҳороти рӯзи душанбеи Майк Пампео таъкид кард, ҳар гуна талош барои туҳмат задан ба Чин ва ихтилофофиканӣ дар равобити дӯстонаи Пекин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ маҳкум ба шикаст аст. Дар ин баёния омадааст, дурӯғҳои Амрико дар бораи Чин ва такрори ин дурӯғҳо онро ба ҳақиқат табдил нахоҳад кард.

Вазири умури хориҷии Амрико рӯзи душанбе дар поёни сафар ба Узбакистон иддаоҳои гузаштаи Вашингтон дар бораи Чинро такрор ва ин кишварро ба саркӯби мусалмонон дар минтақаи Синзиян муттаҳам кард ва аз давлатҳои Осиёи Марказӣ хост, Пекинро ба хотири ин рафторҳо таҳти фишор қарор диҳанд.

 

Барчасп