Русия хориҷиҳои мубтало ба “корона”-ро ихроҷ мекунад
Нахуствазири Русия дастуре додааст, ки шаҳрвандони хориҷии мубтало ба вируси “корона” бояд билофосила аз ин кишвар ихроҷ шаванд.
Ба гузориши ИРНА, Михаил Мишустин дар ҷаласае бо муовинони худ бо баёни ин ки авзои муртабит бо “корона” дар ин кишвар таҳти контрол аст, афзуд, имкон дорад, шаҳрвандони хориҷии мубтало ба бемории “корона” пас аз шиносоӣ аз Русия ихроҷ шаванд ва тадобири маҳдудкунандаи вижа, аз ҷумла ҷудосозии афрод ва карантина низ эъмол хоҳад шуд.
Гуфтанист, то кунун ду шаҳрванди хориҷӣ дар Русия ба бемории “корона” мубтало шудаанд.
Бисёре аз шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва минтақаи Қафқоз дар Русия машғул ба кор ҳастанд.
Чин бо Русия чандин ҳазор километр марзи муштарак дорад ва чанд вилояти Русия бо ин кишвар ҳамарз аст. Гузаргоҳҳои марзии Русия бо Чин аз оғози рӯзи ҷумъа баста шудааст.
Вируси “корона”, ки густариши он аз авохири декабри соли гузаштаи милодӣ дар Чин шурӯъ шуд, илова бар 30 вилоят ва минтақаи Чин ба шумори дигар аз кишварҳо, аз ҷумла Амрико, Австралия, Тайланд, Малайзия, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Канада, Шветсия, Испания, Фаронса ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ низ сироят кардааст. Бар асоси омори мавҷуд, то кунун беш аз 17 ҳазор нафар дар Чин ба ин вируси ҷадид мубтало шуда, дар маҷмӯъ ҳудуди 360 нафар ҷон бохтааст.