Феврал 05, 2020 12:02 Asia/Dushanbe
  • Худдории ширкати ҳавопаймоии Русия аз интиқоли атбои Тоҷикистон аз Чин

Мудирияти ширкати ҳавопаймоии "Урал"-и Русия, ки аз интиқоли атбои Тоҷикистон аз Чин ба кишварашон худдорӣ кардааст, иллати ин иқдомро дастури давлати Маскав эълом кард.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, мудирияти ширкати ҳавопаймоии "Урал"-и Русия дар посух ба дархости атбои Тоҷикистон, Беларус ва Арманистон, ки дар фурӯдоҳҳои Чин мондаанд ва ин ширкат аз интиқоли онон ба кишварашон худдорӣ кардааст, эълом кард:

Дар паи хурӯҷ ва паҳншавии  бемории коронавирус, ҳукумати Русия дастур дод, ки ин ширкат танҳо бояд атбои ин кишварро аз Чин мунтақил кунад.

Ин дар ҳоле аст, ки шуморе аз атбои Тоҷикистон, ки чанд рӯзе аст наметавонанд аз Чин хориҷ шаванд, бо ирсоли паёмҳои видеоӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ, аз саргардониҳои худ дар фурӯдгоҳҳои Чин ва мушкили дастрасӣ ба об ва ғизо хабар додаанд.

Мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом карданд, 300 нафар аз атбои ин кишвар, аз Чин бо парвози Пекин-Алмаато вориди Душанбе ва аз фурӯдгоҳ ба бемористони вижа мунтақил шуданд.

 

Барчасп