Феврал 05, 2020 12:41 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори қурбониёни бемории коронавирус дар Чин ба 492 нафар

Комиссияи миллии беҳдошти Чин эълом кард: Шумори ҷонбохтагони бемории коронавирус дар ин кишвар ба 492 нафар афзоиш ёфтааст.

Ба нақл аз ИРНА, Комиссияи миллии беҳдошти Чин эълом кард, то бомдоди рӯзи ҷоршанбе бо 65 мавриди ҷадиди марг ба далели ибтило ба коронавирус, шумори кушташудагон дар ин кишвар ба 492 нафар расид.

Бар асоси ин гузориш, ҳамаи ин 65 нафаре, ки ҷон бохтанд, сокини устони Ҳубей, маркази хурӯҷ ва паҳншавии коронавирус будааст.

Манобеи беҳдошти Чин шумори ҷонбохтагони бемории коронавирусро рӯзи сешанбе 426 нафар эълом карда буданд.

Аз рӯзи сешанбе то бомдоди имрӯз (чоршанбе) 3887 мавриди ҷадиди ибтило ба коронавирус тасдиқ шуда ва маҷмӯаи мубталоён дар Чин низ ба 24 324 нафар афзоиш ёфтааст.

 

Барчасп