Такрори мавзеъгирии зидди эронии Трамп дар суханронии солонааш
(last modified Wed, 05 Feb 2020 14:21:30 GMT )
Феврал 05, 2020 19:21 Asia/Dushanbe
  • Такрори мавзеъгирии зидди эронии Трамп дар суханронии солонааш

Доналд Трамп раиси ҷумҳури ҷанҷолии Амрико ҳамвора мавзеъи хасмона алайҳи ҷумҳурии исломии Эрон гирифта ва бар рӯйкарди фишори ҳадиаксарӣ алайҳи Теҳрон бо ҳадафи водор кардани Эрон барои қабули хостаҳои Вашингтан таъкид кардааст.

Раиси ҷумҳури Амрико шомгоҳи сешанбе 4 феврал дар суханронии солонаи худ ,ки дар он ба ироаи гузориши солона вазияти умумии Амрико дар кунгра пардохт , бори дигар иддаоҳои зидди эрониро матраҳ ва ба низом ва миллати Эрон иҳонат кард. Трамп дар чорчуби иддаоҳои ҳамешагии худ дар бораи Эрон гуфт ; ҳукумати Эрон бояд талош барои ба даст овардани силоҳи атомӣ ,густариши терор ва марг ва тахрибро поён диҳад.

Изҳороти нави Трамп ва иттиҳомҳои такрории вай алайҳи Эрон нишон медиҳад ,ки раиси ҷумҳури ҷанҷолии Амрико қасд дорад то ҳам чунон сиёсатҳо ва иқдомҳои зидди эронии худро дар соли ахири раёсати ҷумҳуриаш идома диҳад . Трамп чи дар давраи муборизаҳои интихоботӣ ва чи пас аз вуруд ба Кохи Сафед  дар январи 2017 , рӯйкарди тазъиф ва барандозии низоми ҷумҳурии исломии Эронро дар пеш гирифтааст.

Трамп дар айни ҳол дар изҳороти такрорӣ дар ҳимоят аз касоне ,ки дар иғтишошоти ноябри 2019 дар Эрон ширкат дошт,гуфт , ин эрониҳо садои худро ба гуши ҷаҳон расондаанд ва мо дар канори онҳо истодаем. Трамп дар ҳоле ин иддаоро матраҳ кард ,ки дар давлати вай дар чорчуби сиёсати фишори ҳадиаксарӣ барои тан додани Теҳрон ба хостаҳои он , бесобиқатарин таҳримҳо дар тули таърих алайҳи миллати Эрон эъмол шуда ва ҳар аз чанд гоҳе таҳримҳои наверо ба феҳристи таҳрими тулонии худ изофа мекунад. Бенатиҷа будани таҳримҳои ғайри инсонии Вашингтон барои водоркардани Теҳрон ба қабули хостаҳои ғайри қонунӣ ва зиёдаталабонааш, боис шуда Трамп ҳаргуна мулоҳиза ва пардапушӣ дар робита бо Эронро канор гузошта ва дастури тероризми иқтисодӣ ва ташдиди иқдомҳои зидди башарӣ алайҳи мардуми Эронро содир кунад.

Трамп дар суханронии солонаи худ , ҳамчунин сардор Қосим Сулаймонӣ фармондеҳи нерӯи қудси Сипоҳи Посдорони инқилоби исломиро,ки нақши беҳамто ва бисёр муасир дар мубориза бо терористҳои такфирии мавриди ҳимояти Амрико ва ваҳобият ба вижа гурӯҳи терористии ДИИШ ифо карда буд , терористи нахусти ҷаҳон ва масули қатли амрикоиҳо дар Ироқ номид. Раиси ҷумҳури ҷинояткори Амрико дар 3 январи дар иқдоми ғайриқонунӣ ва терорристӣ дастури терори сардор Сулаймонӣ ва ҳамроҳони вайро дар фрудгоҳи Бағдод содир кард. Трамп ва мақомоти давлати вай аз ҷумла Майк Пампео вазири хориҷаи Амрико бо бешармии тамом муддаъӣ шуданд ,ки сардор Сулаймонӣ як тероррист ва на як қаҳрамон аст. Бо ин ҳол миллати Ироқ ва сипас милллати Эрон дар маросими ташаюъи пайкари сардор Сулаймонӣ ва ҳамроҳони вай нишон доданд ,ки ҳеҷ эътиное ба иддаои саропо дуруғи Трамп надошта ва баракс, давлати Амрикоро давлати тероррист медонанд.