Афзоиши шумори қурбониёни вируси Корона дар Чин ба 636
(last modified Fri, 07 Feb 2020 13:13:58 GMT )
Феврал 07, 2020 18:13 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори қурбониёни вируси Корона дар Чин ба 636

Шумори ҷонбохтагон аз бемории вируси Корона дар Чин ба 636 нафар афзоиш ёфт.

Ба гузориши телевизиони давлатии Чин, бо марги 73 бемори дигар, шумори ҷонбохтагони вируси Корона дар Чин ба 636 нафар расидааст.

Манобеи беҳдоштии Чин рӯзи панҷшанбе шумори ҷонбохтагони бемории ношӣ аз Коронаро 563 нафар эълом карда буданд.

Бар асоси ин гузориш, ду ҳазору 447 мавриди ҷадиди ибтило ба вируси Корона дар устони Ҳубейи Чин, маркази паҳншавии ин вирус шиносоӣ шудаанд.

Ба ин тартиб, шумори мубталоён ба Корона дар саросари Чин беш аз 31 ҳазор нафар убур кардааст.

Вируси Корона, ки авохири декабри соли гузаштаи мелодӣ барои нахустин бор дар шаҳри Вуҳани устони Ҳубейи Чин мушоҳида шуд, илова бар 30 устони ин кишвар, акнун ба шуморе дигар аз кишварҳо, аз ҷумла Амрико, Австралия, Таиланд, Малайзия, Кореяи Ҷанубӣ , Ҷопон, Канада, Шветсия, Испания, Фаронса ва Иморот низ сироят кардааст.