Афғонистон марзҳояшро бо Тоҷикистон ва Чин баст
https://parstoday.ir/tg/news/world-i50662-Афғонистон_марзҳояшро_бо_Тоҷикистон_ва_Чин_баст
Афғонистон барои мубориза бо вируси Корона марзҳояшро бо Тоҷикистон ва Чин барои муддате номаълум бастааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 07, 2020 18:15 Asia/Dushanbe
  • Афғонистон марзҳояшро бо Тоҷикистон ва Чин баст

Афғонистон барои мубориза бо вируси Корона марзҳояшро бо Тоҷикистон ва Чин барои муддате номаълум бастааст.

Ба гузориши ИРНА, Афғонистон бо кишварҳои Чин ва Тоҷикистон дар ноҳияҳои Ишкошим, Шуғнон ва дигар шаҳристонҳои устони Бадахшон марзи муштарак дорад, ки ҳамаи ин манотиқ баста шудааст.

Вазорати беҳдошти Афғонистон эълом кардааст, ки то кунун ҳеч нишонае аз вируси Корона дар ин кишвар мушоҳида ва ё сабт нашудааст, аммо ин вазорат омодагии комил дорад ва дар марзҳои заминӣ ва фурудгоҳҳо тимҳои беҳдоштиро мустақар кардааст то афроди тозаворид ва машкукро таҳти назар дошта бошанд.