Феврал 09, 2020 10:08 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори қурбониёни коронавирус дар Чин

Шумори ҷонбохтагони бемории бархоста аз коронавирус дар Чин ба 800 нафар афзоиш ёфт.

Ба нақл аз ИРНО, Комиссияи беҳдошти Чин бомдоди рӯзи якшанбе эълом кард, бо марги 78 бемори дигари мубтало ба коронавирус шумори ҷонбохтагони ин вирус ба 800 нафар расидааст.

Манобеи беҳдошти Чин шумори ҷонбохтагони коронавирусро рӯзи шанбе 722 нафар эълом карда буданд.

Коронавирус, ки охирҳои декабри соли гузашта барои нахустин бор дар шаҳри Вуҳан дар вилояти Ҳубейи Чин мушоҳида шуд, илова бар 30 вилояти ин кишвар акнун ба 18 кишвари дигар ҳам гузаштааст.

 

Барчасп