Ифшои омори дурӯғҳои Трамп дар суханронии солона
Феврал 09, 2020 15:45 Asia/Dushanbe
Пойгоҳи хабарии амрикоӣ, теъдоде аз дурӯғҳои раисҷумҳури Амрико дар суханронии солонаашро баршумурд.
Пойгоҳи хабарии амрикоии NowThis, дар ҳисоби корбарии худ дар Twitter, бо интишори видеое эълом кард: Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар нутқи солонаи худ дар ҳар дуву ним дақиқа як дурӯғ гуфтааст.
Трамп, ки бо иддаоҳои дурӯғини худ шинохта шудааст, дар севвумин суханронии худ дар давраи раёсатҷумҳуриаш, иддаоҳоеро матраҳ кард, ки бо воқеият фосилаи зиёде доштанд.
Бар асоси ин гузориш, аз ҷумлаи дурӯғҳои Трамп дар бораи тавлиди нафт, иштиғолзоӣ ва иқтисоди Амрико буд.
Барчасп